Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Агар дубора баҳор ояд, умеди сабз шудан дорам,

Агар дубора баҳор ояд, умеди сабз шудан дорам, Биё ба дидани ман, эй ёр, биё, ки бо ту сухан дорам. Бидуни ҳарф садоям кун, магар ки бо хати райҳонат Нагуфт чашми ғазоли ман, ки орзуи чаман дорам. Агар суроғаи ман пурсӣ, чӣ гӯямат, ки куҷоиям, Аз ошёнаи хуршедам, дар авҷи ишқ ватан дорам. Агар, ки баршуданӣ бошӣ ба ошёнаи мунири ман, Ба нардбон набарӣ ҳоҷат, биё, биё, ки расан дорам. Биё ба шоми ҳиҷобиям, ки пушти парда маҳе бинӣ, Биё ба субҳи гулобиям, биё, ки атри суман дорам. Нигоҳи ёр ба ҷурми ман чӣ рутбаҳои малоҳат дод, Шинохт ҷони ҳарирамро, ки дар қабои хашан дорам. Ту кистӣ, ки намебинам, ту кистӣ, ки намедонам, Чунин қабули манӣ, ҷоно, чунон бимон ту, ки ман дорам.