Қадаме неҳ ба юсуфистонам,
Қадаме неҳ ба юсуфистонам,
Ҷӯши гул мекунад зимистонам.
Сад ҳазор обшори маҷнунӣ
Мезанад атса дар биёбонам.
Розиям, розӣ аз гузаштаи худ,
Розиям, балки ё пушаймонам.
Гарчи милярдсола шуд дили ман,
Ҳолиё кӯдаки дабистонам.
Турнаи коғазии тифлон шуд
Орзуҳои субҳҷавлонам.
Он қадар аршиям, ки фаршиям,
Абри домандаридаро монам.
Халқ номи фариштаам бахшид,
Кош, бахшад мақоми Инсонам.