Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ман нотаи офтобро медонам,

Ман нотаи офтобро медонам, Шабзамзами моҳтобро медонам. Дар фасли баҳорхезии ҷӯшишҳо Пар-пар задани ҳубобро медонам. Он қосиди шодиовари хусрави субҳ- Хуршеди тилорикобро медонам. Ҳарчанд, ки шӯра зад дили фартутам, Ширин тапиши шабобро медонам. Одреси дили туро намедонам ман, Кай он раҳи касмаёбро медонам. Бар дӯш гирифтаам гуноҳи ҳама халқ, Шодам, ки ҳамин савобро медонам, Аз гум шудани дурри дарун бехабаранд, Ин мардуми гармхобро медонам. Сад барги дили ту хондаам, дигар ҳеч, Мазмуни ҳамин китобро медонам. Медонами ман ба ҷуз намедонам нест, Ту асливу ман ҳиҷобро медонам.