Тариқи зистани бехато намедонам,
Тариқи зистани бехато намедонам,
Чунин тариқати зебо чаро намедонам?
Барои тозагии худ далел меҷӯям,
Куҷост он санади бебаҳо, намедонам.
Чаро қадам ба қадам кӯдакона меафтам,
Ҷаҳонпаноҳии он муттако намедонам.
Маро зи ишқ напурседу захмаам назанед,
Ман он саодати ноошно намедонам.
Ба ҷуз ҷавонии маъсуму субҳу шоми бадеъ,
Дигар чӣ монд маро дар қафо, намедонам.
Надонам, эй туи ғойиб, куҷоииву киӣ,
Чунон ки худ кияму аз куҷо, намедонам.
Гуноҳи сахттаринам ҳамин, ки эй Якто,
Туро, чунон ки туӣ, ҳолиё, намедонам.