Ҳамшеваи баҳорам, ҳамшираи шакарнам,
Ҳамшеваи баҳорам, ҳамшираи шакарнам,
Ҳамвусъати дили мӯр, ҳамҳаҷми кулли олам.
Зеботарӣ зи Юсуф, ошиқтарӣ зи Маҷнун,
Эй ҷони номусаххар в-эй қалби номусаллам.
Хушбахти ҷовидеро, хушрӯзи воҳидеро
Аз рӯзгори Одам бишмор то ба ин дам.
Аз ҳар кӣ будам охир дар ҷадвали қаду баст,
Дар ҷадвали дили кӣ боре шавам муқаддам.
Ду гавҳари сиёҳам анвор андар анвор
Пайваста медурахшад бо нақши Исми аъзам.
Навбад аҷаб, ки гардад ин аз ҳама муҳаққар
Шоистаи нигоҳи он аз ҳама муаззам.
Эй рафта, дар дилам мон зебо, ҳамеша зебо,
Оянда, муждаҳо деҳ хуррам, ҳамеша хуррам.