Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чанд уммеди саодатмандӣ аз фардо кунам,

Чанд уммеди саодатмандӣ аз фардо кунам, Бояд ин дам гӯш бар набзи дили ҳоло кунам. Мебарандам сӯи маҷнунхона, гар орому дам Қолабӣ гардам чу ома, беҷунуниҳо кунам. Фикри худро баъд аз ин боло чаронам боз, боз, Ҳафт ҷилди нилии қомуси гардун во кунам. Вақт, дар мӯям сафедӣ ҳам фитад, рангаш занам, Парчами таслимро пеши ту кай боло кунам. Боз бо дунёву бо худ ҷанги дигар боядам, Ончунон ҷанге, ки «не»-и қисматамро «ҳо» кунам.