Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Сим мазан, сим мазан, сим, сим,

Сим мазан, сим мазан, сим, сим, Қатъ кунам бо ҳама кас лому мим. Эй дили сад қибла бияндохта Ним ба он, ним ба ин, ним, ним. Қалби сабуксабку сабукшевагон Кай бишавад мазҳари ишқи азим. Ишқ, чӣ кардиву накардӣ, бигӯ Бо мани нав, бо мани хеле қадим. Ёр, биё фотиҳахонӣ, ки мурд Ин дили бепуштупаноҳи ятим. Мурду ба дӯшаш ғарами тавба бурд, Дар бикушо, дар бикушо, эй раҳим.