Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд,
Бо буйи гулу мушку насими суман ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?!
Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад хеҷ,
К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.
Ай турки камарбаста, чунонам зи фироқат,
Гӯянд, кабои ту маро пираҳан ояд.
Ҳар шаб нигаронам ба Яман то ту баройӣ,
Зеро ки Суҳайлӣю Суҳайл аз Яман ояд.
Кӯшам, ки бипӯшам, санамо, номи ту аз халқ,
То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.
Бо ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳаму гар не,
Аввал суханам номи ту андар даҳан ояд.