Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дило, боз ошуфтакорӣ макун,
Дило, боз ошуфтакорӣ макун, Чу девонагон беқарорӣ макун. Гарат нест дарде, ғанимат шумор, В-арат ҳаст, фарёду зорӣ макун.
Беш аз ин бадаҳдупаймонӣ макун,
Беш аз ин бадаҳдупаймонӣ макун, Бо сабукрӯҳон гаронҷонӣ макун. Зулфи кофаркешро барҳам мазан, Қасди бунёди мусалмонӣ макун.
Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам,
Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам, Ваҳ, к-аз ин рафтани ночор чӣ хунинҷигарам. Меравам дастзанон бар сару пой андар гил З-ин сафар, то чӣ шавад ҳолу чӣ
Мо, гадоён, баъд аз ин аз кору бор осудаем,
Мо, гадоён, баъд аз ин аз кору бор осудаем, Чун ба рӯзӣ қониъем, аз рӯзгор осудаем. Ҳар касе бар қадри ҳиммат эътиборе кардаанд, Мо таваккул кардаем, аз эътибор
Мо, ки риндони қиссапардозем,
Мо, ки риндони қиссапардозем, Куштаи шоҳидони Шерозем. Ёри дурдикашони шангулем, Ҳамдами ҷумриёни таннозем.
Аз ҳад гузашт дарду ба дармон намерасем,
Аз ҳад гузашт дарду ба дармон намерасем, Бар лаб расид ҷону ба ҷонон намерасем. Гар раҳравон ба Каъбаи мақсуд мерасанд, Мо ҷуз ба хорҳои мағелон намерасем.
Ҳар гаҳ ки шабе худро дар майкада андозем,
Ҳар гаҳ ки шабе худро дар майкада андозем, Сад фитна барангезем, сад киса бипардозем. Он сир, ки бувад дар май в-он роз, ки гӯяд най, Мо мӯниси он сиррем, мо ма
Қасди он зулфайни саркаш кардаам,
Қасди он зулфайни саркаш кардаам, Хотир аз савдо мушавваш кардаам. Дар раҳи ишқаш миёни ҷону дил Манзил андар обу оташ кардаам…
Боз дар майкада сарҳалқаи риндон шудаам,
Боз дар майкада сарҳалқаи риндон шудаам, Боз дар кӯи муғон бесару сомон шудаам. На ба масҷид бувадам роҳу на дар майкада ҷой, Мани саргашта дар ин воқиа ҳайрон
Манам асиру парешон, зи ёри худ маҳрум,
Манам асиру парешон, зи ёри худ маҳрум, Ғариби шаҳри касон в-аз диёри худ маҳрум. Ба дарду ранҷ фурӯ монда в-аз даво навмед, Нишаста дар ғаму аз ғамгусори худ м
Мо сарири салтанат дар бенавоӣ ёфтем,
Мо сарири салтанат дар бенавоӣ ёфтем, Лаззати риндӣ зи тарки порсоӣ ёфтем. Солҳо дарюза кардем аз дари соҳибдилон, Мояи ин подшоҳӣ з-он гадоӣ ёфтем.
Ҳоли худ бас табоҳ мебинам,
Ҳоли худ бас табоҳ мебинам, Номаи дил сиёҳ мебинам. Юсуфи рӯҳро зи шумии нафс Монда дар қаъри чоҳ мебинам.
Гӯӣ он ёр, ки ҳар дам зи ғамаш хастатарем,
Гӯӣ он ёр, ки ҳар дам зи ғамаш хастатарем, Бохабар нест, ки мо дар ғами ӯ бехабарем. Аз хаёли сари зулфаш сари мо пурсавдост, Ин хаёлест, ки мо мардуми кӯтаҳназ
Эй турк, чашми мастат беморхонаи дил,
Эй турк, чашми мастат беморхонаи дил, Зулфи ту доми ҷонҳо, холи ту донаи дил. Он ҷо, ки турки чашмат тири ҷафо кушояд, Тири бало наояд ҷуз бар нишонаи дил.
На бар ҳар хону хоқон мебарам рашк,
На бар ҳар хону хоқон мебарам рашк, На бар ҳар миру султон мебарам рашк. Надорам чашм бар ганҷуру дастур, На бар ганҷи фаровон мебарам рашк.
Васли ҷонон бошадам, ҷон, гӯ, мабош,
Васли ҷонон бошадам, ҷон, гӯ, мабош, Дар ҷаҳон ҷуз фикри ҷонон, гӯ, мабош! Сокини хилватсарои унсро Гулшану бустону айвон, гӯ, мабош!
Дар инчунин сара фаслеву навбаҳоре хуш
Дар инчунин сара фаслеву навбаҳоре хуш Хушо касе, ки кунад айш бо нигоре хуш. Канори ҷӯй гузин, гӯш сӯйи булбул дор, Кунун, ки ҳаст ба ҳар гӯшае каноре хуш.
Бе ёр дилшикаставу дур аз диёри хеш
Бе ёр дилшикаставу дур аз диёри хеш Дармондаем оҷизу ҳайрон ба кори хеш. Аз рӯзгор ҳеч муроде наёфтем, Озурдаем, лоҷарам, аз рӯзгори хеш.
Қиссаи дарди дилу ғуссаи шабҳои дароз
Қиссаи дарди дилу ғуссаи шабҳои дароз Сурате нест, ки ҷое битавон гуфтан боз. Маҳраме нест, ки бо ӯ ба канор орам рӯз, Мӯнисе нест, ки бо вай ба миён орам роз.
Бо мо накард он бути саркаш вафо ҳанӯз,
Бо мо накард он бути саркаш вафо ҳанӯз, Охир нашуд миёнаи мо моҷаро ҳанӯз. Мо хастагон дар оташи шавқаш бисӯхтем В-он шӯхдида сер нагашт аз ҷафо ҳанӯз.
Чаман дилбурдан оин мекунад боз,
Чаман дилбурдан оин мекунад боз, Ҷаҳонро лола рангин мекунад боз. Насими хушнафас бо ғунча ҳар дам Ҳадиси нофаи Чин мекунад боз.
Маро дилест гирифтори хиттаи Шероз,
Маро дилест гирифтори хиттаи Шероз, Зи ман буридаву хӯ карда бо танаъъуму ноз. Хуш истодаву бо лаъли дилбарон дар ишқ, Тарабгузидаву бо ҷаври некувон дамсоз.
Мепазад боз сарам беҳуда савдои дигар,
Мепазад боз сарам беҳуда савдои дигар, Мекунад хотири шӯрида таманнои дигар. Ҳаваси сарвқаде гирди дилам мегардад, Ки надорад ба ҷаҳон ҳамсару ҳамтои дигар.
Чун мо қаландаронем, дар мо риё набошад.
Чун мо қаландаронем, дар мо риё набошад. Тазвиру зарқу солус оини мо набошад. Дар ҳеч мулк бо мо кас дӯстӣ наварзад, Дар ҳеч шаҳр моро кас ошно набошад.
Дӯш султони хаёлаш боз ғавғо карда буд,
Дӯш султони хаёлаш боз ғавғо карда буд, Мулки ҷон тороҷу рахти сабр яғмо карда буд. Барқи шавқаш аз даҳонам шуъла мезад ҳар замон, В-оташи савдои ӯ қасди сувайд

