Ҳоли худ бас табоҳ мебинам,
Ҳоли худ бас табоҳ мебинам,
Номаи дил сиёҳ мебинам.
Юсуфи рӯҳро зи шумии нафс
Монда дар қаъри чоҳ мебинам.
Хатти тӯмори умр мехонам,
Ҳама воҳасратоҳ мебинам.
Дар дили беқарор менигарам,
Нолаву сӯзу оҳ мебинам.
Раҳ дароз асту дур, ман худро
Ҳама бе зоди роҳ мебинам.
Поймарде, ки дасти ӯ гирад,
Маҳз лутфи Илоҳ мебинам.
Узрхоҳи Убайди бечора
Карами подшоҳ мебинам.