Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мо сарири салтанат дар бенавоӣ ёфтем,

Мо сарири салтанат дар бенавоӣ ёфтем, Лаззати риндӣ зи тарки порсоӣ ёфтем. Солҳо дарюза кардем аз дари соҳибдилон, Мояи ин подшоҳӣ з-он гадоӣ ёфтем. Ҳиммати мо аз сари суратпарастӣ даргузашт, Лоҷарам дар мулки маънӣ подшоӣ ёфтем. Партави шамъи таҷаллӣ бар дили мо шуъла зад, Ин ҳама нуру зиё з-он рӯшноӣ ёфтем. Суҳбати майхорагон аз хотири мо маҳв кард Он кудуратҳо, ки аз зуҳди риёӣ ёфтем. Пеш аз ин дар сар ғурури сарфарозӣ доштем, Тарки сар кардему з-он заҳмат раҳоӣ ёфтем. Гарчи осеби фалак бишкаст моро чун Убайд, Аз дарунҳои бузургон мӯмиёӣ ёфтем.