Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Манам асиру парешон, зи ёри худ маҳрум,

Манам асиру парешон, зи ёри худ маҳрум, Ғариби шаҳри касон в-аз диёри худ маҳрум. Ба дарду ранҷ фурӯ монда в-аз даво навмед, Нишаста дар ғаму аз ғамгусори худ маҳрум. Гузида суҳбати бегонагону ноаҳлон, Зи қавму кишвару элу табори худ маҳрум. Зи рӯзгор маро баҳра нест ҷуз ҳирмон, Мабод ҳеч кас аз рӯзгори худ маҳрум. Зи оҳ сина бисӯзам, агар шавам нафасе Зи сели ин мижаи селбори худ маҳрум. Умед ҳаст, Убайд, он, ки оқибат нашавам Зи лутфу раҳмати Парвардгори худ маҳрум.