Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Боз дар майкада сарҳалқаи риндон шудаам,

Боз дар майкада сарҳалқаи риндон шудаам, Боз дар кӯи муғон бесару сомон шудаам. На ба масҷид бувадам роҳу на дар майкада ҷой, Мани саргашта дар ин воқиа ҳайрон шудаам. Бар мани хастаи бечора бибахшед, ки ман Мубталои дили шӯридаи нолон шудаам. Рағбатам сӯйи бутон аст, валекин ду-се рӯз Аз паси маслиҳате чанд мусалмон шудаам. Борҳо аз сари ҷаҳле, ки маро буд ба саҳв, Кардаам тавбаву дарҳол пушаймон шудаам… Гуфт руҳбон, ки Убайд, аз пайи солус марав, З-ин сухан муътақиди мазҳаби руҳбон шудаам.