Қасди он зулфайни саркаш кардаам,
Қасди он зулфайни саркаш кардаам,
Хотир аз савдо мушавваш кардаам.
Дар раҳи ишқаш миёни ҷону дил
Манзил андар обу оташ кардаам…
Аз насими гулситон, то шаммае
Бӯйи ӯ бишнидаам, ғаш кардаам.
Кеши ӯ бигрифта, қурбон гаштаам,
То напиндорӣ, ки таркаш кардаам.
Аз ду лаълу аз ду абрӯву ду зулф
Гар амон ёбам, ғалат шаш кардаам.
Дил талаб кардам зи зулфаш, бонг зад:
К-эй Убайд, он ҷо фурӯкаш кардаам.