Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҳар гаҳ ки шабе худро дар майкада андозем,

Ҳар гаҳ ки шабе худро дар майкада андозем, Сад фитна барангезем, сад киса бипардозем. Он сир, ки бувад дар май в-он роз, ки гӯяд най, Мо мӯниси он сиррем, мо маҳрами он розем. Ҳар нағма, ки пеш оранд, мо бо ҳама дар шӯрем, Ҳар соз, ки бинвозанд, мо бо ҳама дар созем. З-ин пеш касе будем в-имрӯз дар ин кишвар Мо ҷумрии Бағдодем, мо биграви Шерозем. Гар ҳукм кунад султон, к-ин бода барандозанд, Ӯ бода барандозад, мо банг барандозем. Он рӯз, ки дар машҳар мардум ҳама гирд оянд, Мо бо ту дар он ғавғо дуздида назар бозем. Бар ёди ту ҳар соат монанди Убайд акнун Базме дигар афрӯзем, айше дигар оғозем.