Аз ҳад гузашт дарду ба дармон намерасем,
Аз ҳад гузашт дарду ба дармон намерасем,
Бар лаб расид ҷону ба ҷонон намерасем.
Гар раҳравон ба Каъбаи мақсуд мерасанд,
Мо ҷуз ба хорҳои мағелон намерасем.
Онон, ки роҳи ишқ сипарданд пеш аз ин,
Шабгир кардаанд, ба эшон намерасем.
Эшон муқим дар ҳарами васл мондаанд,
Мо саъй мекунему ба дарбон намерасем.
Бӯе зи уд мешунавад ҷони мо, вале
Дар кунҳи кори миҷмарагардон намерасем.
Чун субҳ дар сафо нафаси ишқ мезанем,
Лекин ба офтоби дурахшон намерасем.
Дар масканат чу пайрави Салмон намешавем,
Дар салтанат ба ҷоҳи Сулаймон намерасем.
Ҳамчун Убайд волаву ҳайрон бимондаем,
Дар сирри корхонаи Яздон намерасем.