Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мо, ки риндони қиссапардозем,

Мо, ки риндони қиссапардозем, Куштаи шоҳидони Шерозем. Ёри дурдикашони шангулем, Ҳамдами ҷумриёни таннозем. Шукри Эзид, ки мо на саррофем, Миннати Ҳақ, ки мо на баззозем. Волаи дилбари шакардаҳанем, Ошиқи мутриби хушовозем. Ҳама бо уду чанг ҳамдаҳанем, Ҳама бо ҷому бода дамсозем. Аз ҷафоҳои чарх нагрезем В–аз балоҳо сипар наяндозем. Ҳама дар дуздию сияҳкорӣ Рӯзу шаб бо Убайд анбозем.