Мо, гадоён, баъд аз ин аз кору бор осудаем,
Мо, гадоён, баъд аз ин аз кору бор осудаем,
Чун ба рӯзӣ қониъем, аз рӯзгор осудаем.
Ҳар касе бар қадри ҳиммат эътиборе кардаанд,
Мо таваккул кардаем, аз эътибор осудаем.
Дигарон дар баҳри ҳирс ар дасту пое мезананд,
Мо қаноат кардаему бар канор осудаем.
Дар пайи мастӣ хуморе буд моро в-ин замон
Тарки мастӣ чун гирифтем, аз хумор осудаем.
Аҳли дунё фахри худ ҷӯянду ори дигарон,
Ҳолиё мо чун Убайд аз фахру ор осудаем.