Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам,
Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам,
Ваҳ, к-аз ин рафтани ночор чӣ хунинҷигарам.
Меравам дастзанон бар сару пой андар гил
З-ин сафар, то чӣ шавад ҳолу чӣ ояд ба сарам.
Гоҳ чун булбули шӯрида дароям ба хурӯш,
Гоҳ чун ғунчаи дилтанг гиребон бидарам.
Ман аз ин шаҳр агар баршиканам, даршиканам,
Ман аз ин кӯй агар баргузарам, даргузарам.
Бехуду бедилу беёр бурун аз Шероз
– Меравам в–аз сари ҳасрат ба қафо менигарам.
Қуввати даст надорам, чу инон мегирам,
Хабар аз пой надорам, ки замин месипарам.
Инчунин зор, ки имрӯз манам дар ғами ишқ,
Қавли носеҳ накунад чораву панди падарам.
Эй Убайд, ин сафаре нест, ки ман мехоҳам,
Мекашад даҳр ба занҷири қазову қадарам.