Беш аз ин бадаҳдупаймонӣ макун,
Беш аз ин бадаҳдупаймонӣ макун,
Бо сабукрӯҳон гаронҷонӣ макун.
Зулфи кофаркешро барҳам мазан,
Қасди бунёди мусалмонӣ макун.
Ғамзаро гӯ, хуни муштоқон марез,
Мулк аз они туст, вайронӣ макун.
Бо заифон ҳар чӣ даргунҷад, магӯ,
Бо асирон ҳар чӣ битвонӣ, макун.
Беш аз ин ҷавру ҷафову саркашӣ
Ҳоли мискинон чу медонӣ, макун.
Гар кунӣ бо дигарон ҷавру ҷафо,
Бо Убайдуллоҳи Зоконӣ макун.
Аз висолат чун ба бӯсе қониъ аст,
Бӯса пеш ору пушаймонӣ макун.