Дило, боз ошуфтакорӣ макун,
Дило, боз ошуфтакорӣ макун,
Чу девонагон беқарорӣ макун.
Гарат нест дарде, ғанимат шумор,
В-арат ҳаст, фарёду зорӣ макун.
Чу корат зи ишқ асту борат зи ишқ,
Шикоят зи бекоруборӣ макун.
Нигоро, нигоро, ҷудоӣ зи мо,
Худоро, агар дӯст дорӣ, макун.
Агар чашми сармасти ӯ дидаӣ,
Дигар даъвии ҳушёрӣ макун.
Зи ҷавру ҷафо ҳар чӣ мумкин бувад,
Бикун, тарки паймону ёрӣ макун.
Убайд, ар сари ишқ дорӣ, биё,
Дар ин роҳ ҷуз ҷонсупорӣ макун.