Мангар ба ҳадиси ҳирқапӯшон
Мангар ба ҳадиси ҳирқапӯшон
Он сахтдилони сусткӯшон.
Овехта субҳашон ба гардан
Ҳамчун ҷарас аз дарозгӯшон.
Аз дур чу куштагон бибинӣ,
Аз роҳ бигарду рӯ бипӯшон!
Аз банди риёву зарқ бархез,
Бо сода нишину боданӯшон.
Мафрӯш ба мулки ҳар ду олам
Хоки сари кӯи майфурӯшон!
Дар боғ чӣ хуш бувад саҳаргоҳ
Мо сархушу булбулон хурӯшон!
Мутриб, ғазали Убайд бархон,
Дил бурда зи дасти тезҳушон.