Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй ошиқони рӯят бар меҳр дил ниҳода,

Эй ошиқони рӯят бар меҳр дил ниҳода, Занҷириёни мӯят сарҳо ба бод дода. Ҷонро ба кӯи ҷонон чашми хушат кашида В-аз банди ғусса дилро абрӯйи ту кушода. Бо ишқ ҷони моро сӯзест даргирифта, Бо ашк чашми моро корест уфтода. То чашми ниммастат вусма ниҳад бар абрӯ, Чун дил халос ёбад з-он зулфи вониҳода?! Аз васфи он занахдон ман, содадил, чӣ гӯям, Ё Раб, чӣ лутф дорад он нозанини сода. Моро зи нанги ҳастӣ ҷуз май намераҳонад, Сӯфӣ, мабош мункир, к-аз бод нест бода. Бахти Убайду васлат, ин давлатам набошад, Дар хоб агар хаёлат бинам, зиҳӣ саода.