Боз фиканд дар чаман булбули маст ғулғула,
Боз фиканд дар чаман булбули маст ғулғула,
Гашт зи ҷунбиши сабо духтари шох ҳомила.
Атрфурӯши боғро лаҳза ба лаҳза мерасад
Аз раҳи субҳ корвон, аз дари ғайб қофила.
Маст шудаст гӯиё, к-аз сари завқ мениҳад
Хурдаву хирқа дар миён ғунчаи тангҳавсала.
Нофакушо шуда сабо, ғолиясо насими гул,
Ваҳ, ки чӣ нозанин бувад гулрухи анбаринкула!
Маст шабона дар чаман ҷилвакунон чу шохи гул
Гӯш ба булбули саҳар хоста ҷому булбула.
Эй бути нозанини ман, дур машав зи пеши ман,
Хуш набувад миёни мо фасли баҳор фосила.
Бӯса, ки ваъда кардаӣ, менадиҳию бандаро
Дар раҳи интизор шуд пойи умед обила.
Мову шаробу ною даф, сӯфию кунҷи савмаа
Шуғли ҷаҳон куҷову мо, мо зи куҷову машғала.
Даври харобиясту гул, хез Убайду айш кун,
Даври фалак чу бо касе менакунад муҷодала.