Маро дилест раҳи офият раҳо карда,
Маро дилест раҳи офият раҳо карда,
Вуҷуди худ ҳадафи новаки бало карда.
Зи даври чарх ситам дидаву ризо дода,
Зи хӯи ёр ҷафо дидаву вафо карда.
Ба кори хеш фурӯ рафта, мубтанӣ гашта,
Ба дарди ишқ маро низ мубтало карда.
Ҳар он чи дошта аз ақлу ҳушу донишу дин,
Зи даст додаву сар дар сари ҳаво карда.
Гаҳе зи бехирадӣ обрӯйи худ бурда,
Гаҳе зи бехабарӣ қасди ҷони мо карда.
Ба қавлу аҳди бутон ғарра гашта в-аз сари ҷаҳл
Хаёли ботилу андешаи хато карда.
Убайдро ба ғарибӣ фиканда аз маскан,
Зи дӯстону азизони худ ҷудо карда.