Муборак аст назар бар ту бомдоди пагоҳ,
Муборак аст назар бар ту бомдоди пагоҳ,
Чи некбахт касе, к-аш ба рӯйи туст нигоҳ…
Ба зулфи пуршиканат риштаи умед дароз,
Зи сарви нози қадат дасти орзу кӯтоҳ.
Карашма мекунию ақл мешавад ҳайрон,
Ба роҳ меравию халқ мераванд аз роҳ.
Хушо, ки зулфи ту гирам ба хоби хуш ҳар шаб,
Хушо, ки рӯйи ту бинам ба коми дил ҳар моҳ.
Ба пеши қозии ушшоқ дар қазияи ишқ
Убайдро рухи зард асту ашки сурх гувоҳ.