Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Бад-ин сифат сару чашмею қадду болое

Бад-ин сифат сару чашмею қадду болое Касе надиду нишон кас намедиҳад ҷое. Чунин шукуфа нахандад ба ҳеч бустоне, Чунин баҳор наёяд ба ҳеч саҳрое. Зи шасти зулфи ту ҳар ҳалқаеву ошӯбе, Зи чашми масти ту ҳар гӯшаеву ғавғое Куҷо зи ҳоли парешони мо хабар дорад, Касе, ки бо сари зулфаш напухт савдое. Зи шавқи партави рӯят, ки шамъи анҷуман аст, Маро зи ғайр чу парвона нест парвое. Хаёли васл таманно кунам ҳаме дар хоб, Чӣ дилпазир хиёле, чӣ хуш таманное. Хирад ба тарки туам рой зад, валек Убайд Хилофи пеши ту мурдан намезанад рое.