Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Хуш бувад, гар ту ёри мо бошӣ,

Хуш бувад, гар ту ёри мо бошӣ, Мӯниси рӯзгори мо бошӣ. Рӯзаке ҳамнишини мо гардӣ, Шабаке дар канори мо бошӣ. Мо ҳама бандагони ҳалқабагӯш, Ту худовандгори мо бошӣ. Ҳамчу саг медавем дар пайи ту, Бу, ки ногаҳ шикори мо бошӣ. Ғам нагардад ба гирди хотири мо, Гар даме ғамгусори мо бошӣ. То дили беқарори мо бошад, Дар дили беқарори мо бошӣ. То манам, бандаи туам чу Убайд, То туӣ, шаҳрёри мо бошӣ.