Афтода бозам дар сар ҳавое,
Афтода бозам дар сар ҳавое,
Дил боз дорад майле ба ҷое.
Ӯ шаҳрёре, ман хоксоре,
Ӯ подшоҳе, ман бенавое.
Болобаланде, гесукаманде,
Султони ҳусне, фармонравое.
Абрӯкамоне, нозукмиёне,
Номеҳрубоне, шанге, дағое.
З-ин дилнавозе, з-ин сарфарозе,
З-ин ҷавфурӯши гандумнамое.
Бе ӯ набахшад хуршед нуре,
Бе ӯ надорад олам сафое.
Ҳар ҷо, ки лаълаш дар ханда ояд,
Шаккар надорад он ҷо баҳое.
Ҳар лаҳза дорад дил бо хаёлаш
Хуш гуфтугӯе, хуш моҷарое.
Гӯӣ, биёбам ҷое табибе,
Бошад, ки созам дилро давое.
Дорад шикоят ҳар кас зи душман,
Моро шикоят аз ошное.
Чашми Убайд ар сераш бибинад,
Дигар набинад чашмаш балое.