Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Гӯӣ он ёр, ки ҳар дам зи ғамаш хастатарем,

Гӯӣ он ёр, ки ҳар дам зи ғамаш хастатарем, Бохабар нест, ки мо дар ғами ӯ бехабарем. Аз хаёли сари зулфаш сари мо пурсавдост, Ин хаёлест, ки мо мардуми кӯтаҳназарем. Бо қаду зулфи дарозаш назаре мебозем, То нагӯянд, ки мо мардуми кӯтаҳназарем. Ишқ ранҷест, ки тадбир намедонемаш, Васл ганҷест, ки мо раҳ ба сараш менабарем. Ҷони мо ваъдаи васл аст, на ин рӯйи маҷоз, Ту мапиндор, ки мо зинда бад-ин мухтасарем. Оҳу фарёд, ки аз даст бишуд кори Убайд, Ёр он нест, ки гӯяд: Ғами кораш бих(в) арем.