Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй турк, чашми мастат беморхонаи дил,

Эй турк, чашми мастат беморхонаи дил, Зулфи ту доми ҷонҳо, холи ту донаи дил. Он ҷо, ки турки чашмат тири ҷафо кушояд, Тири бало наояд ҷуз бар нишонаи дил. Хунобаи сиришкам резанд мардуми чашм Аз остонаи ту то остонаи дил. Дил уфтода оҷиз бар остонаи ту, То оҷиз уфтодам бар остонаи дил. Дорад Убайди мискин доим ҳавои ишқат Ҳам дар миёнаи ҷон, ҳам дар миёнаи дил.