На бар ҳар хону хоқон мебарам рашк,
На бар ҳар хону хоқон мебарам рашк,
На бар ҳар миру султон мебарам рашк.
Надорам чашм бар ганҷуру дастур,
На бар ганҷи фаровон мебарам рашк.
На меандешам аз дӯзах ба як ҷав,
На бар Фирдавсу Ризвон мебарам рашк.
На бар ҳар боғу бустон мениҳам дил,
На бар ҳар қасру айвон мебарам рашк.
Зи ман чархи куҳан бистад ҷавонӣ,
Бар он айёму даврон мебарам рашк.
Чу ранҷи дигарам бар пирӣ афзуд,
Ба ҳоли ҳар касе з-он мебарам рашк.
Чу дардам мешавад афзун бад-он ҳол
Бар он к-ӯ медиҳад ҷон, мебарам рашк.
Убайд аз дард менолад шабу рӯз,
Бар он к-ӯ ёфт дармон, мебарам рашк.