Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Васли ҷонон бошадам, ҷон, гӯ, мабош,

Васли ҷонон бошадам, ҷон, гӯ, мабош, Дар ҷаҳон ҷуз фикри ҷонон, гӯ, мабош! Сокини хилватсарои унсро Гулшану бустону айвон, гӯ, мабош! Мо куҷо, асбоби дунё аз куҷо, Мӯрро мулки Сулаймон, гӯ, мабош! Чун зи Яздон ҳар чӣ хоҳӣ, медиҳад, Хилъату инъоми султон, гӯ, мабош! Мо гадоёнем, моро чун Убайд Молу ҷоҳу ҳукму фармон, гӯ, мабош!