Дар инчунин сара фаслеву навбаҳоре хуш
Дар инчунин сара фаслеву навбаҳоре хуш
Хушо касе, ки кунад айш бо нигоре хуш.
Канори ҷӯй гузин, гӯш сӯйи булбул дор,
Кунун, ки ҳаст ба ҳар гӯшае каноре хуш.
Гарат ба даст фитад домане, ки мақсуд аст,
Бигир домани кӯҳею лолазоре хуш.
Биё, ба васл даме рӯзгори мо хуш кун,
Ба шукри он ки туро ҳаст рӯзгоре хуш.
Ба рағми муддаиён дар фироқи ӯ ҳар кас
Бипурсадам, ки: Хушӣ? Гӯямаш, ки: Оре, хуш.
Маро зи суҳбати ёре гурез мумкин нест,
Ҳазор ҷони азизам фидои ёре хуш.
Дили Убайд нагардад шикори ғам пас аз ин,
Гараш ба дом дарафтад чунон нигоре хуш.