Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Бе ёр дилшикаставу дур аз диёри хеш

Бе ёр дилшикаставу дур аз диёри хеш Дармондаем оҷизу ҳайрон ба кори хеш. Аз рӯзгор ҳеч муроде наёфтем, Озурдаем, лоҷарам, аз рӯзгори хеш. На кори дил ба кому на дилдори созгор, Хуниндилам зи толеи носозгори хеш. Бигзор, то ғамам бикушад, ҳақ ба дасти ӯст, То худ чаро ҷудо шудам аз ғамгусори хеш? Як дам қарор нест диламро зи тоби ишқ, Дар оташам зи дасти дили беқарори хеш. Аз баҳри он ки мезанад обе бар оташам, Миннатпазирам аз мижаи ашкбори хеш. Девона дил ба ишқ супорад Убайдвор, Оқил ба дасти дил надиҳад ихтиёри хеш.