Қиссаи дарди дилу ғуссаи шабҳои дароз
Қиссаи дарди дилу ғуссаи шабҳои дароз
Сурате нест, ки ҷое битавон гуфтан боз.
Маҳраме нест, ки бо ӯ ба канор орам рӯз,
Мӯнисе нест, ки бо вай ба миён орам роз.
Дар ғаму хорӣ аз онам, ки надорам ғамхор,
Дамфурӯбаста аз онам, ки надорам дамсоз.
Худ чӣ шомест шақоват, ки надорад анҷом?
Ё чӣ субҳест саодат, ки надорад оғоз?
Бениёзӣ надиҳад даҳр, Худоё, ту бидеҳ!
Созкорӣ накунад халқ, Худоё, ту бисоз!
Аз сари лутф дили хастаи бечора Убайд
Бинавоз, эй карами оми ту бечоранавоз!