Бо мо накард он бути саркаш вафо ҳанӯз,
Бо мо накард он бути саркаш вафо ҳанӯз,
Охир нашуд миёнаи мо моҷаро ҳанӯз.
Мо хастагон дар оташи шавқаш бисӯхтем
В-он шӯхдида сер нагашт аз ҷафо ҳанӯз.
Баъд аз ҳазор дард, ки бар ҷони мо ниҳод,
Раҳмат накард бар дили мискини мо ҳанӯз.
Аз кӯи дӯст бехуду саргашта меравем,
Дилхаста, бозмондаву чашм аз қафо ҳанӯз.
Бӯсест хунбаҳои ману лаъли ӯ маро
Сад бор кушту менадиҳад хунбаҳо ҳанӯз.
Дил дар шиканҷи турраи пурпечутоби ӯ
Мондаст дар кашокаши доми бало ҳанӯз.
Мискин Убайд дар ғами ишқаш зи ҷону дил
Бегона гашту боз нашуд ошно ҳанӯз.