Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Чаман дилбурдан оин мекунад боз,

Чаман дилбурдан оин мекунад боз, Ҷаҳонро лола рангин мекунад боз. Насими хушнафас бо ғунча ҳар дам Ҳадиси нофаи Чин мекунад боз. Шукуфа ҳар заре, к-овард бар даст, Нисори пойи насрин мекунад боз. Кушода чашми хоболуд наргис, Тамошои раёҳин мекунад боз. Замин аз абр эҳсон мепазирад, Ҳаворо сабза таҳсин мекунад боз. Убайд аз давлати Хусрав дар ин фасл Бинои айши Ширин мекунад боз.