Маро дилест гирифтори хиттаи Шероз,
Маро дилест гирифтори хиттаи Шероз,
Зи ман буридаву хӯ карда бо танаъъуму ноз.
Хуш истодаву бо лаъли дилбарон дар ишқ,
Тарабгузидаву бо ҷаври некувон дамсоз.
Гаҳе ба кӯи харобот бо муғон ҳамдам,
Гаҳе муоширу гаҳ ринду гоҳ шоҳидбоз.
Ҳамеша бар дари майхона мекунад маскан,
Мудом бар сари майхона мекунад парвоз.
Ба рӯйи лоларухонаш гумонҳои накӯ,
Ба зулфи сарвқадонаш умедҳои дароз.
Шуда баробари чашме ҳамеша гӯшанишин,
Мудом дар хами меҳроби абруе ба намоз.
Умедвор чунонам, ки он хуҷастадиёр
Ба фарри давлати Султон Увайс бинам боз…
Убайдвор ҳар он кас, ки ҳаст дар олам,
Дуои давлати ӯ мекунад ба аҷзу ниёз.