Мепазад боз сарам беҳуда савдои дигар,
Мепазад боз сарам беҳуда савдои дигар,
Мекунад хотири шӯрида таманнои дигар.
Ҳаваси сарвқаде гирди дилам мегардад,
Ки надорад ба ҷаҳон ҳамсару ҳамтои дигар.
Гул ба боғ омаду ҳангоми тамошост, вале
Нест бо рӯйи ваям рӯйи тамошои дигар.
Дӯш дар кӯи худам наъразанон дид зи дур,
Гашта расвои ҷаҳон бо ду-се шайдои дигар.
Гуфт, к-ин шефтаро боз чӣ ҳол афтодаст?
Нест ҷуз масканату аҷз мудовои дигар.
Чора сабр аст, зи Саъдӣ бишунав панд, Убайд,
«Саъдӣ, имрӯз таҳаммул куну фардои дигар».