Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Чун мо қаландаронем, дар мо риё набошад.

Чун мо қаландаронем, дар мо риё набошад. Тазвиру зарқу солус оини мо набошад. Дар ҳеч мулк бо мо кас дӯстӣ наварзад, Дар ҳеч шаҳр моро кас ошно набошад. Гар номи мо надонанд, бигзор, то надонанд, В-ар ҳеч амон набошад, бигзор, то набошад. Шӯридагони моро дар банди зар набинӣ, Девонагони моро боғу саро набошад. Дар лангаре, ки моем, андӯҳ кас набинад, Дар такяе, ки моем, ғайр аз сафо набошад. Аз муҳтасиб натарсем в-аз шаҳна ғам надорем, Таслимгаштагонро бим аз бало набошад. Бо хор хуш бароем, гар гул ба даст-ояд, Бар хоки раҳ нишинем, гар бӯрё набошад. Ҳар кас ба ҳар гурӯҳе дорад умеди чизе, Моро умедгоҳе ғайр аз Худо набошад. Ҳамчун Убайд моро дарюза ор н-ояд, Дар мазҳаби қаландар ориф гадо набошад.
Чун мо қаландаронем, дар мо риё набошад. | Шоирон