Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дӯш султони хаёлаш боз ғавғо карда буд,

Дӯш султони хаёлаш боз ғавғо карда буд, Мулки ҷон тороҷу рахти сабр яғмо карда буд. Барқи шавқаш аз даҳонам шуъла мезад ҳар замон, В-оташи савдои ӯ қасди сувайдо карда буд. Дидаам дарёи хун асту ман андар ҳайратам, То хаёлаш чун гузар бар роҳи дарё карда буд?! Гарчи мезад ёри мо лофи вафодорӣ, вале Оқибат бишкаст паймоне, ки бо мо карда буд. Ҷон зи ман мехост лаълаш дар баҳои бӯсае, Бетакаллуф мухтасар чизе таманно карда буд. Дарди мо чун дер шуд, навмед рӯй аз мо битофт, Ҳар кӣ рӯзе дармандеро мудово карда буд. Гар Убайд аз ишқ дам зад пеш аз ин, маъзур дор, К-ин гуноҳе нест, к-он бечора танҳо карда буд.