Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дӯш ақлам ҳаваси васли ту шайдо мекард,

Дӯш ақлам ҳаваси васли ту шайдо мекард, Дилам оташкадаву дида чу дарё мекард. Нақши рухсори ту пиромани чашмам мегашт, Сабру ҳуши мани дилсӯхта яғмо мекард. Шуълаи шавқи ту ҳар лаҳза дарунам месӯхт, Дуди савдои туам қасди сувайдо мекард. На касе ҳоли мани сӯхтадил мепурсид, На касе дарди мани хаста мудово мекард. Пеши султони хаёли ту маро ғам мекушт, Хидматаш тан зада, аз дур тамошо мекард. Даст бардошта то вақти саҳар хотири ман Аз Худо давлати васли ту таманно мекард. Ҳар дам аз ғуссаи ҳиҷрони ту мемурд Убайд, Боз уммеди висоли туаш эҳё мекард.
Дӯш ақлам ҳаваси васли ту шайдо мекард, | Шоирон