Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дил ҳамон беҳ, ки гирифтори ҳавое бошад,

Дил ҳамон беҳ, ки гирифтори ҳавое бошад, Сар ҳамон беҳ, ки нисори кафи пое бошад. Ҳаҷр хуш бошад, агар чашм тавон дошт висол, Дард саҳл аст, гар уммеди давое бошад. Домани ёр ба даст ору раҳи майкада гир, Нашинос ин, ки беҳ аз майкада ҷое бошад. Ҳаваси хонақаҳам нест, ки безорам аз он, Бӯрёе, ки дар ӯ бӯйи риёе бошад. Сӯфии софӣ дар мазҳаби мо донӣ, кист? Он кӣ бо бодаи софӣ-ш сафие бошад. Пири майхонаам аз хона бурун кард, магар Нанг дорад, ки дар он кӯча гадое бошад? Чӣ кунад, гар накашад меҳнату хорӣ чу Убайд, Ҳар киро дил мутааллиқ ба ҳавое бошад.