Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Аз дами ҷонбахши най дилро сафое мерасад,

Аз дами ҷонбахши най дилро сафое мерасад, Рӯҳро аз нолаи ӯ марҳабое мерасад. Гӯиё дорад зи инъомаш Масеҳо баҳрае, К-аз дами ӯ дардмандонро давое мерасад. Ё магар Довуд меҳмон мекунад арвоҳро, К-аз забони ӯ ба ҳар гӯше салое мерасад. Оташе дар сина дорад най, чу бодаш медамад, Шуълаи ӯ бар дари ҳар ошное мерасад. Бедилон бар нағмаи ӯ ҳою ҳуе мезананд, Бенавоёнро зи сози ӯ навое мерасад. Наърае гар мезанад шӯридае дар бехудӣ, Аз паяш ҳолӣ ба гӯши мо садое мерасад. Нолаи мискин Убайд аст, он ки зоеъ мешавад Варна он нолидани най ҳам ба ҷое мерасад.