Боз тарки аҳду паймон карда буд,
Боз тарки аҳду паймон карда буд,
Куштани мо бар дил осон карда буд.
Душманононам бад ҳамегуфтанд, ӯ
Гӯш бар гуфтори эшон карда буд.
Зулфи мушкинаш парешон гашта буд,
Баски хотирҳо парешон карда буд.
То шунидам, оташе дар ман фитод,
Он ки бе мо азми бустон карда буд.
Нолаи дилсӯзи мо чун гӯш кард,
Раҳмате дар кори ёрон карда буд.
Гуфт: Бо бечорагон сулҳе кунем,
Бахти мо бозаш пушаймон карда буд.
Хотираш ногаҳ биранҷид аз Убайд,
Бегуноҳе, к-он мусалмон карда буд.