Ёри паймоншиканам бар сари паймон омад,
Ёри паймоншиканам бар сари паймон омад,
Дили пурдарди маро навбати дармон омад.
Ин чӣ моҳест, ки кошонаи мо равшан кард
В-ин чӣ шамъест, ки бозам ба шабистон омад.
Бахт боз омаду толеъ дари давлат бикушод,
Муддаӣ рафту маро кор ба сомон омад.
Май биёред, ки айёми тараб рӯй намуд,
Гул бирезед, ки он сарви хиромон омад.
Аз сари лутф бибахшид бар аҳволи Убайд,
Магараш раҳм бад-он дидаи гирён омад.