Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Пайваста чашми шӯхат моро фигор дорад,

Пайваста чашми шӯхат моро фигор дорад, Он турки маст, охир, бо мо чӣ кор дорад? Бо зулфи беқарораш дил муддате қарин шуд, Ин расми беқарорӣ з-ӯ ёдгор дорад. Хуррам касе, ки бо ту рӯзе ба шаб расонад, Ё чун ту нозанине шаб дар канор дорад. Рашк оядам ҳамеша бар ҳоли он саге, к-ӯ Бар хоки остонат вақте гузор дорад. Бо мо даме насозад васлат ба ҳеч ҳоле, Бечора он кӣ ёре носозгор дорад. Шӯридагию мастӣ фахри Убайд бошад, Нодон бувад касе, к-ӯ з-ин фахр ор дорад.