Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ногоҳ ҳушу сабри ман он дилрабо бибурд,

Ногоҳ ҳушу сабри ман он дилрабо бибурд, Чашмаш ба як карашма дил аз дасти мо бибурд. Бинмуд рӯйи хубу хиҷил кард моҳро, Бикшод зулфу равнақи мушки Хито бибурд. Тороҷ кард дину дил аз дасти ошиқон, Султон нигар, ки мояи муште гадо бибурд. Ҷону диле, ки буд маро, чун ба пеши ӯ Қадре надошт, ҳеч надонам чаро бибурд. Медод ақл дарди саре пеш аз ин, кунун Ишқат даромад аз дарам, он моҷаро бибурд. Савдои зулфи ӯ ҳама кас мепазад, вале Ин давлат аз миёна насими сабо бибурд. Гуфтем ҳоли аҷз, Убайд, аз барои ӯ, Нагрифт ҳеч дар ваю боди ҳаво бибурд.
Ногоҳ ҳушу сабри ман он дилрабо бибурд, | Шоирон