Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Хуррам он кас, ки ғами ишқи ту дар дил дорад

Хуррам он кас, ки ғами ишқи ту дар дил дорад В-аз ҳама мулки ҷаҳон меҳри ту ҳосил дорад. Ҷавру бедоду ҷафо кардану ошиқ куштан Зебад онро, ки чунин шаклу шамоил дорад. Ошиқи дилшударо панди хирадманд чӣ суд, Ринди девона куҷо гӯш ба оқил дорад. Мубталоест, ки уммеди халосаш набувад, Ҳар кӣ бар пойи дил аз ишқ салосил дорад. То дами бозпасин ғарқаи дарёи ғамаш, Муддаӣ бошад агар, чашм ба соҳил дорад. Ҳар кӣ хоҳад, ки кунад аз ту муроде ҳосил, Ҳосил он аст, ки андешаи ботил дорад. Мекашад соиди симини ту морову Убайд Майли бӯсидани сарпанҷаи қотил дорад.